Ширкатҳои Қазоқистон "террористҳо"-ро сармоягузорӣ мекунанд?
Зиёда аз 15 ширкати бузургтарини Қазоқистон дар сармоягузории ҳаракатҳои ифротии динӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Марат Ахмедҷонов, муовини раиси Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасоди Қазоқистон гуфтааст, 16 ширкати калонтарини ин кишвар солҳо инҷониб ҳаракатҳои ифротии диниро сармоягузорӣ мекардаанд.
Ахмедҷонов, ки аз бурдани номи ин ширкатҳо бо далели халал нарасонидан ба раванди тафтишот худдорӣ намуд, гуфтааст: “Ин бори аввал аст, ки оҷонсӣ ба аснод дар мавриди сармоягузории ширкатҳои Қазоқистон ба ҷанговарони гуруҳҳои террористӣ дар хориҷ аз кишвар дастрасӣ пайдо мекунад. Ҳоло фаъолияти ширкатҳои мазкур пурра қатъ гаридааст.”
Ба гуфтаи ин корманди Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасоди Қазоқистон ҳоло 68 парвандаи ҷиноӣ дар робита ба гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ боз шудааст.