Видео аз бойгонӣ: Мулло Абдураҳим зидди Мулло Абдураҳим?
Навори видеоие тавассути як хонандаи торнамои “Озодагон” дастраси мо шуд, ки дар он суханронии Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) дар бораи дини Ислом ва пайванди он бо сиёсат сабт ёфтааст. Ин суханронӣ моҳи январи соли 1992, ҳанӯз 21 соли қабл, наворбардорӣ ва дар яке аз бойгониҳо нигоҳдорӣ мешудааст.
Ин видео дар ҳоле дастраси мо гардид, ки тайи як моҳи охир номи Мавлавӣ Абдураҳим дубора рӯи забонҳо омадааст. Вай рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон иштирок ва тақрибан ним соат суханронӣ кард. Оқои Абдураҳим, ки дар рӯбарӯи президент ҳарф мезад, аз он изҳори надомату пушаймонӣ кард, ки дар вақташ нафаҳмида, бо исломиҳо пайвастааст. "...Чи хеле ки Шумо гуфтед, Ҷаноби Олӣ, ман асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Хато кардем. Аз ин мардуми бофарҳанг ва олиму уламо, аҳли зиё илтимос мекунам, ки ҳамон тавре ки мо хато кардем, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳанд",-таъкид дошт ӯ.
Аз ин пештар ҳам, Мавлавӣ Абдураҳим дар чандин маҳфиле, ки бо ҳузури намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон дар манотиқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ, баргузор шуд, иштирок карда, дар бораи ҳизб дар Ислом ва пайванди он бо сиёсат суҳбат кардааст.
Аммо дар наворе, ки ҳамакнун дастраси мо шуду мо ҳам дар ихтиёри Шумо мегузорем, дида мешавад, Мавлавӣ Абдураҳим чигуна дар бораи алоқамандии Ислом бо сиёсат ва махсусан фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ суҳбат мекунад. Вай аз ҷумла дар суханронии худ мегӯяд, “ҳамаи мусулмонон, ҳамаи масҷидҳо, хусусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ман огоҳ ва водор мекунам, ки агар ягон инсоне гӯяд, ки Ислом ба сиёсат чӣ кор дорад? Худованд оятеро барои дар сиёсат дахолат кардан ва як гуруҳ бояд ба сиёсату фалсафаву руҳияти инсониятро ба корҳои дунёӣ вобаста гардонидан ва мардумро аҳамият додан, барои зинда гардонидани миллат ва талаби ҳаққу ҳуқуқи худ, ҳам оят омадааст ва ҳам ҳадис. Ин оят кадом аст? Худован дар Қуръон мефармояд (Астаизубиллоҳ) ”Валтакун минкум умматун ядъуна ила ал-хайри ва яъмуруна бил маъруфи ва янҳавна ъанил мункарӣ” (Оли Умрон. Оят - 104). Бояд дар мобайни шумо эй миллат як гуруҳе махсусе бошанд, ки мардумро аз нуқтаи назари сиёсӣ огоҳ кунад ва шумо аз майдони сиёсат берун бароварда дар як майдони беруҳу беҳуқуқ набошед. Як гуруҳ бояд мардумро ба сиёсат даъват кунад.”
Абдураҳим Каримов, ки ҳоло мударриси Донишкадаи исломист, дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт.