Хадамоти алоқа дар бораи “К+”, Ютуб ва иҷро нашудани супориши президент
Хадамоти алоқа, ниҳоди зери раҳбарии Бег Зуҳуров, мегӯяд, то ҳоло натавонистааст супориши раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи таъмини як миллион хонавода бо телефонҳои хонагӣ иҷро бикунад. Далели ин “нотавонӣ” пайдо нагардидани хонаводаҳои камбизоат эълон шуд.
Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки рӯзи 31-уми июл бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “омодаем на як миллион, балки 2 миллион хонаводаи кишварро бо телефони хонагӣ таъмин кунем. Аммо аз миёни 160 ҳазор дархосте, ки айни ҳол ба Хадамот ворид шудааст, хонаводаҳои камбизоат нестанд.”
Вай раисони маҳалларо айбдор кард, ки ба онҳо на рӯйхат ё феҳристи хонаводаҳои камбизоат, балки афроди дороро пешниҳод намудаанд. Ин аст, ки ба гуфтаи Холмуродова дастури президент то ҳоло иҷро нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ду соли пеш бо нигаронӣ аз афзоиши босуръати корбарони алоқаи мобилӣ ва таъкид ба зарари он дастур дода буд, ки як миллион хонавода бо телефони хонагӣ таъмин гарданд.
9,9 миллион муштариёни телефонҳои мобилӣ
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди мизоҷон ё муштариёни алоқаи мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон афзоиш ёфта, айни ҳол ба 9 миллиону 900 ҳазор нафар расидааст. Татяна Холмуродова гуфт, аз теъдоди муштариёни мобилӣ танҳо 6,1 миллионаш фаъол аст. Ба гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа, теъдоди муштариёнро аз рӯи симкортҳои фурӯхташуда муайян мекунанд ва чун бархе аз сокинони Тоҷикистон 2 ё 3-тоӣ симкорт доранд, теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ аз шумораи аҳолии кишвар бештар шудааст.
Дар мавриди истифодабарандагони интернет, бо назардошти интернети мобилӣ Холмуродова афзуд, давоми як соли охир 1,6 миллион нафар афзоиш ёфта, аз 2,2 миллион ба 3,8 миллион нафар расидааст.
“К+” ба мо дахл надорад
Дар мавриди қатъи дастрасӣ ба шабакаи телевизионии “К-плюс”, ки ахиран ба минбари мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон табдил ёфтааст, Холмуродова афзуд, он ба фаъолияти Хадамоти алоқа дахл надорад. Ӯ илова намуд, ки масъалаи иҷозат дар мавриди фаъолияти “К-плюс” ба салоҳияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ворид мешавад.
Ютубро маҳкам накардаем
Хадамоти алоқа инчунин даст доштанашро дар масдудияти шабакаи иҷтимоии Ютуб (Youtube) рад кард. Дар ҳоле, ки Ютуб баъд аз пахши навори тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, масдуд гардид, Холмуродова мегӯяд, аз ин кор бехабаранд ва то ҳол касе ба Хадамоти алоқа дар мавриди бастани Ютуб муроҷиат накардааст. Ӯ афзуд, “мо дар масдудияти Ютуб даст надорем.”