“Касе Ҷаннат Усмоноваро маҷбур накарда буд, худро ба Сир партояд”
Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар вилояти Суғд мегӯянд, касе марҳум Ҷаннат Усмонова, устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба ҳолате нарасонида буд, ки худро ба дарё партояд. Ҳусейн Оқилов, раҳбари ин ниҳод дар шимоли Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, онҳо далели кофӣ дар бораи ришваситонии Усмоноваро доштанд ва ҳадафшон танҳо таҳқиқи қазия буд, на чизи дигар.
Ҷаноби Оқилов афзуд, “дар ҳақиқат, баъд аз як рӯзи боздошти муаллима ду корманди мо ба Коллеҷи омӯзгорӣ рафтанд. Барои он ки утоқи кории мудири кафедра муҳр зада шуда буд. Лекин кормандони мо аз ӯ 8000 доллар талаб накардаанд. Чуноне ки баъдан дар ин бора сару садо пайдо шуд.”
Сардори раёсат дар идома гуфт, касе Ҷаннат Усмоноваро маҷбур накардааст, то худро ба дарё партояд. Манбаъ такид дошт, ба раёсати зидди фасоди молӣ аз ҷониби як сокини Суғд ариза ворид гардида буд ва аз ҳамин сабаб муаллима боздошт гардидааст. Ҳусейн Оқилов иттилои ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Ғафур Усмоновро дар бораи ин ки дар пул изи дасти Ҷаннат Усмонова набудааст, рад кард ва илова намуд, “далелҳои шайъии ҷиноят содир кардани муаллимаро дар даст дорем.”
Рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷаннат Усмоноваро кормандони Оҷонсии зидди фасод бо аломатҳои гирифтани “пора” ба маблағи 250 доллар дастгир карда буданд. Баъдан Усмоноваи 64-сола шаби 26-ум ба 27-уми июн аз хонааш баромада, дигар барнагаштааст. Танҳо баъд аз ду рӯзи ин ҳодиса ҷасади ӯро дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили дарёи Сир, пайдо карданд.