Ихтироъкорони қаламкамон аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуданд
Кормандони пулиси Русия оид ба вилояти Амур 2 нафар харроти корхонаи таъмири танкҳоро, ки пинҳонӣ қаламҳои оташфишон тайёр намуда, мефрӯхтаанд, дастгир кард.
Ин қаламҳои оҳанини оташфишонро дар ҳудуди деҳаи Возжаевкаи ноҳияи Белогорск омода месохтанд. Кормандони пулис тибқи корҳои фаври-ҷустўҷӯӣ аз яке аз ин харротон 6 адад қаламҳои оташфишонро ҳар кадоме бо қимати 5 ҳазор рубли русӣ муодили чизе бештар аз 100 доллари ИМА харидорӣ намудаанд. Харроти дигарро бошад аз ҷойи кораш- корхонаи таъмири танкҳо даст гирифтаанд.
Мутобиқ ба иттилоъи пулиси Амур бо ин вуҷуд, ки қаламҳои оташфишон тирҳои ҳаҷман хурди 5,6 мм-ро мехўранд, зарбаи ин тирҳо хеле бузург буда, дарахти ғафсро низ шикофта мегузаштааст. Масофаи паридани тири қаламкамонҳо то 10- 15 метр мерасидаанд.
-Ташкилкунанда ва сарвари ин гурўҳи ҷиноӣ яке аз харротон- афсари собиқи артиши Русия дониста шудааст, ки муаллифи тарҳи сохтани ин қаламкамон будааст.
Феълан, ҳардуи боздоштшудагон ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва аллакай ҷойи махсус омодашудаи санҷиши нерўи қаламкамонҳоро дар ҷангал ба пулис нишон додаанд.{jathumbnail off}