Дастгирии Узбакистон аз оилаҳои нодор дар моҳи Рамазон
Дар Узбакистон ба оилаҳои нодору ятимон ва маъюбон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон кумаки молӣ намудаанд.
Расонаҳои узбакӣ аз қавли Зуҳриддин Исломиддинов, раиси Кумитаи оид ба умури дини Узбакистон иттилоъ додаанд, ки шуруъ аз моҳи шарифи Рамазон то кунун ба оилаҳои фақиру ятимон ва маъюбони узбак дар умум ба маблағи 153 миллиону 278 ҳазор сум (55 ҳазор доллари амрикоӣ) кумак карда шудааст.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи дини Узбакистон, дар ду даҳаи сипаришудаи моҳи Рамазон дар 354 масҷид, ки 45-тои онҳо воқеъ дар шаҳри Тошканд мебошанд, хатми Қуръон гузаронида шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин ду даҳаи моҳи Рамазон аз тарафи Раёсати мусулмонони Узбакистон кумакҳои хайриявӣ созмон дода шуда, ба оилаҳои камбизоат дар умум ба маблағи 153.278.350 сум ( беш аз $55 ҳазор) ва ба маъюбон 9.362.250 сум ($3,4 ҳазор) кумаки молӣ карда шудааст.