Адвокатҳо: Умеди охирини Зайд Саидов ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст
Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 30-юми июл бо баргузории як нишасти изтирорӣ иддаои Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молиро алайҳи нафари таҳти ҳимояташон беасос хонданд.
Онҳо гуфтанд, ҳоло бар зидди Зайд Саидов аз рӯи 10 модда, аз ҷумла барои порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ба ҳамин минвол мақомот мехоҳанд, Зайд Саидовро шикаст диҳанд. Ба қавли онҳо, ин ҳама иттиҳомот, махсусан иттиҳоми алоқа бо ноболиғ ба рӯҳияи Зайд Саидов зарбаи сахт расонда ва умеди охиринаш ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ будааст.
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар мавриди иттилои паҳннамудаи Фаттоҳ Саидов, ки гӯиё нафари таҳти ҳимояташ дар замони вазирияш 15 корхонаро ғайриқонунӣ аз худ кардааст, гуфт, ин воқеият нест ва муфассал шарҳ дод: “Масалан мегӯяд, Зайд Саидов 15 иншооти давлатиро дар замони вазирияш ба номи ҳамсоя ва наздиконаш карда, баъди аз визирӣ рафтанаш ба номи худ кардааст. Ин нодуруст аст, зеро ин ҳамааш салоҳияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аст.”
Зокиров дар мавриди он, ки гӯиё Зайд Саидов 72 миллион сомониро аз худ кардааст, гуфт, ин иттиҳом дар ягон парвандаи ҷиноӣ ҷой надорад: “Баъд мебинем, бо ин далел ба додгоҳ меравад. Агар нисбаташ иттиҳом эълон нашудаст, ба додгоҳ рафтанаш ҳам нодуруст аст.”
Фахриддин Зокиров гуфтаҳои Фаттоҳ Саидов дар бораи 1,5 сол пеш оғоз шудани тафтишот алайҳи Зайд Саидовро низ беасос хонда, афзуд: “Зайд Шерович дар ин бора ҳеч иттилоъ надорад. Агар тафтишоту парванда оғоз шуда бошад, чаро то ҳозир додситонӣ хабар надорад. Дар давоми ин 1,5 сол Зайд Шерович хамчун вакили шаҳр буд. Чӣ гуна аз соли 2011 парванда хомӯш будааст ва дар парвандаҳо низ чизе нест.”
Дар ҳамин ҳол, адвокатҳо бо овардани далелҳо ва суолгузорӣ беасос ва сохта будани иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки парванда аз рӯи иттиҳом ба таҷовуз махсус роҳандозӣ шудааст. Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи дигари Зайд Саидов мегӯяд, “иттиҳоми таҷовуз барои он пайдо шуд, ки ин иттиҳом хеле нозук аст. Зайд Шерович ҳам одами ҳассос аст ва ин иттиҳом ба руҳияи ӯ зарба задааст. Духтар гуфтааст, ки номаш дар ҳеч куҷо зикр нашавад. Мақсади мақомот ин аст, ки баррасии парванда пӯшида сурат бигираду ҷомеа аз он комилан бехабар бимонад.”
Табаров афзуд, дар таърихи юриспруденсия бори аввал аст, ки дар асоси ариза парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад: “Ин бояд дар асоси ташхиси тиббӣ ва судӣ бошад. Аммо ариза дар мавриди таҷовуз 16-уми июл ворид шудааст, худи он рӯз қабул гардидааст ва ҳамон рӯз парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.” Исҳоқ Табаров илова намуд, “мо ҷабрдидаро надидаем. Модарашро бо Зайд Шерович рӯ ба рӯ карданд ва Зайд гуфт, ки он шахсро намешиносад.”
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.