Барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, барои пешбарии номзадии худ дар интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳури кишвар саросема нест? Ин суоле буд, ки хабарнигори “Озодагон” ба коршиносони хориҷию дохилӣ дода, посухи онҳоро гирифт.
Аркадий Дубнов, журналист (Русия):
“Якум, ин як фурсатест, барои шиносоии рақибон, фаъолияту ашхоси пуштибони онҳо. Вале ин тактика хоси низомҳои бозтар нисбат ба Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди ин, фикр мекунам, Раҳмон ишораи Кремлро дар мавриди пуштибонии номзадиаш мунтазир аст. Вале фикр накунам, ки ӯ ин ишораро қабл аз тасвиб шудани шартнома оиди будубоши пойгоҳи 201 аз сӯи парлумон ба даст орад.”
Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон:
“Ин масъала ба ҳизб рабт дорад. Анҷумани ҳизб муайян месозад, ки кадом нафар аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон номзадиашро ба мақоми президентӣ мегузорад. Қудрату нерӯ ва имкониятҳи молию дигарро дида мебароянд. Бо вуҷуди ин кадом ҳизбе набошад, номзади худро ду моҳ пеш аз замони баргузории интихобот эълон мекунад.”
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон:
“Раҳмон эълони номзадии худро кашол надода истодааст, ӯ танҳо ба ин мутмаин намебошад. Ӯ тақрибан ним сол пеш номзадиашро аз сӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон зоҳиран ба таври ғайрирасмӣ эълон карда буд ва ҳоло давоми ним сол аст, мунтазири вокунишҳои он дар дохилу хориҷ аз кишвар мебошад. Як чиз равшан аст, ки ӯ бо пешбарии номзадӣ ишораро мунтазир аст, вале интизор шуда натавониста истодааст. Агар дар моҳи сентябр ин ишораро ба даст наорад, ӯ ба ҳар сурат талош мекунад, ки бе ишора номзадиашро пешбарӣ кунад.”
Бахтиёр Сатторӣ, коршинос:
“Ӯ мавҷи ҷомеаро афзоиш дода, кормандони давлатиро гирдиҳам меорад, то омода бошанду манобеъро ҷамъ намоянд. Илова бар ин, мунтазири ишора барои пуштибонӣ мебошад. Русия ҳанӯз барои ин ризоият надодааст. Чин ризоият дод. Аз ин рӯ, ҳоло барои ошкоро гуфтани пешбарии номзадӣ ба хулосае наомадаанд. Агар дар ВАО-и Русия ва Тоҷикистон матолиби зиёде ба табъ расанд, ки аз дидаву дониста ба хатогӣ роҳ додани ӯ дар сиёсати беруна хабар медиҳанд, Русия розигӣ нахоҳад дод.”