Сафоратҳо замини Донишгоҳи тиббиро "ғасб" кардаанд
Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Душанбе замин ва хобгоҳҳои Донишгоҳи тиббиро аз худ кардаанд.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ректор худи донишгоҳи тиббӣ аз хобгоҳ танқисӣ мекашад: “Дар бисёри давлатҳо сафоратхонаҳо аз пойтахт берунтар ҳастанд. На танҳо сафорати Русия бинои хобгоҳи моро истифода мебарад балки Эрон, Афғонистон, Хитой дар замине, ки аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, сафоратхона бунёд кардаанд. Агар ягон замон ҳукумат ҷои сафоратхонаҳоро дар Тоҷикистон иваз кунад ин биноҳои тайёрро донишгоҳи тиббӣ аз худ мекунад чун замин аз мо аст”.
Убайдулло Қурбонов афзуд, ки аз сабаби танқисии бино, айни ҳол танҳо 20 фоизи донишҷӯёни Донишгоҳи тибби бо хобгоҳ таъмин ҳастанд: “Агар 5 сол пеш 8 фоизи донишҷӯён имкони аз хобгоҳ истифода карданро доштанд, ҳоло аз 6 ҳазор донишҷӯй, 20 фисад соҳиби ҷой дар хобгоҳ ҳастанд. Ҳамин шабонарӯз то 2 ҳазор аризаро дар мавриди ироаи хобгоҳ қабул кардаам. Мо пеш аз ҳама донишҷӯён аз ноҳияҳои дурдаст ва ятимону маъюбонро бо хобгоҳ таъмин мекунем. Дар даврони шуравӣ Донишгоҳи тиббӣ 9 хобгоҳ дошт, қариб, ки масъалаи мушкилии ҷой дар хобгоҳ вуҷуд надошт. Вале пас аз пошхурии иттиҳоди шуравию буҳронҳои иқтисодӣ танҳо 2 хобгоҳ монда буд, боқимондаашро гирифтанд. Бо супориши президент 2 хобгоҳ баргардонида шуда, 2 тои дигар бояд моҳҳои наздик баргардонида шавад.”
Инчунин дар нишасти мазкур зикр гардид, ки дар Донишгоҳи тиббӣ аз 16 давлати дунё донишҷӯён таҳсил мекунанд. Ба иттилои масъулини донишгоҳ аз 6 ҳазору 782 донишҷӯ 441 нафарашон хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Ҳиндустон мебошанд.
Раёсати донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон 116 нафар аз бахши шартнома ва буҷавии донишгоҳ бо сабабҳои ба дарс дер омадан, сари вақт насупоридани маблағи шартнома аз нагузаштан аз санҷишу имтиҳонҳо аз сафи донишҷӯён хориҷ гардидаанд.