Интиқоди вазир аз кашолкории эрониҳо дар “Истиқлол”
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз таъхиркории ҷониби Эрон барои таҷдиди нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб интиқод намуда, изҳор дошт, ки ба ҳукумат пешниҳод намудаанд, ё ҷониби Эрон корро ҷиддӣ бигирад ё аз идомаи кор дар нақб даст кашад.
Ҳакимов рӯзи душанбеи 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, гуфт, таҷдиди нақби “Истиқлол” бояд моҳи май пурра ба анҷом мерасид, аммо аз ҷониби Эрон маблағ ҷудо нагардиданд ва ин корро ба таъхир гузошт. Ба гуфтаи вазир, барои анҷоми таҷдиди нақби Истиқлол 6 миллион доллари амрикоӣ зарур аст, ки аз ин 3 миллионашро бояд Эрон пардохт кунад, аммо то ҳол ҳамагӣ 1 миллионро ҷудо намудаасту халос.
Низом Ҳакимов афзуд, агар эрониҳо аз ин нақб даст кашанд, чиниҳо омадаанд, таҷдиди онро базудӣ ба анҷом расонанд. Аммо эрониҳо ҳам ба далели он ки ин лоиҳа ду бор аз ҷониби руасои ду кишвар тасвиб шудааст, мегӯянд, худашон сохтмони онро ба анҷом хоҳанд расонд.
Бояд гуфт, бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
Вазири нақлиёт мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ширкати IRS барои ҳафт нафар маош таъин намудааст ва онҳо дар нақб ба таҷдиди он машғуланд.