Ректори Донишгоҳи тиббӣ: Ставкаи дохилшавиро то 25 ҳазор $ баровардаанд
Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, афроди алоҳидае дар мавриди фасодкорӣ зимни қабули донишҷӯён ба донишгоҳи тиббӣ сару садоҳоро паҳн мекунанд ва имсол ставкаи дохилшавиро ба ин муассиса ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баровардаанд.
Қурбонов мегӯяд, ин кори дасти манфиатхоҳоне ҳаст, ки мехоҳанд зимни маъракаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ пул кор кунанд: “Агар довталаб 25 ҳазор доллари амрикоӣ дошта бошад, метавонад 5 маротиба донишгоҳро хатм намояд. Он маблағеро, ки ба ин нафарони манфиатхоҳ медиҳанд, метавонанд тариқи шартнома ба буҷаи донишгоҳ гузаронанд ва беягон мушкилӣ қабул хоҳанд шуд.”
Қурбонов таъкид намуд, ки аксари онҳое, ки ба миёнаравон пул медиҳанд, бо дониши худ, беягон мусоидати миёнаравон дохил мешаванд: “Ин миёнаравон вақте мебиёянд ва мебинанд, ки номи довталаб дар рӯйхати донишҷӯён аст, дарҳол занг мезананд ва мегӯянд, ҳамаи корҳо ҳаланд. Бисёранд, қиссаҳое, ки довталабон дохил намешаванд ва волидонашон назди ман омада мегӯянд, мо ба фалону фалон ҳамин қадар пул додем. Аммо мо намедонем, ки ин нафарон кистанд. Баробари ин вақте довталабон намегузаранд, ин миёнаравон ба ҳар зудӣ пули онҳоро намегардонанд. Чунин қиссаҳо бисёранд.”
Дар ҳамин Қурбонов афзуд, ки имсол донишҷӯёнро 200 нафар бештар қабул мекунанд: “Дар маҷмуъ 1410 нафар бояд қабул шаванд. Айни ҳол 3675 довталаб ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 нафар зиёдтар мебошад.”
Ба иттилои Қурбонов аз 1410 нафаре, ки бояд қабул шаванд, аллакай 133 нафарашон тариқи квота дохил шудаанд. Ҳамин тавр имсол барои як курсии донишҷӯӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон се довталаб сабқат хоҳанд кард.