Тавре ба «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, сарвари агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷеффри Лерер, муовини мудири маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ Мавзуна Ғуломова ва роҳбари шӯъбаи тандурустии шаҳри Ваҳдат Бунафша Азимова ба 11 хатмкунандагони курси шашмоҳаи омӯзиши тиби оилавӣ, ки дар маркази таълимии тибби оилавии маркази саломатии шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, диплом супориданд. Акнун хатмкунандагон ба маҳаллаҳои худ баргашта ба беморон кӯмаки тиббии беҳтар хоҳанд расонд.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз тарҳҳои сершумори кӯмакрасон аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Оҷонсии Иёлоти Мутттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ амалишуда мебошад. Аз соли 1992 инҷониб сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон тахминан 984 миллион доллари ИМА-ро таъмин намудааст.{jathumbnail off}