The Economist: Чаро даромади Талко ба Роғун нею ба ҷазираҳои Вирҷиния меравад?
The Economist, маҷаллаи бонуфузи бритониёгӣ менависад, Тоҷикистони сероб, вале камбағал дар танҳоӣ наметавонад, бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба итмом расонад.
Дар қатори сармоягузорони эҳтимолии “Роғун” нашрия Русия ва Чинро ном мебарад, ки метавонанд, ба фасодзадагии Тоҷикистон чашм пӯшанду бунёди нерӯгоҳро маблағгузорӣ кунанд: “Аммо ин кишварҳо ҳам намехоҳанд, Узбакистон, сераҳолитарин кишвари Осиёи Миёна ва аз нигоҳи низомӣ пуриқтидорро ранҷонанд.”
The Economist, менависад “Роғун” дар сад километрии Душанбе бо садди 335 метрӣ ва тавоноии 3600 мегават ҳудуди 6 миллиард доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар ҳоле, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар як сол ҳамагӣ ҳудуди 7,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Нашрия зикр мекунад, ки мардуми Тоҷикистон ҳамасола ба камбуди барқ рӯбарӯст ва ҳудуди 40 дарсади барқи тавлидшуда дар кишвар барои корхонаи алюминиюм “Талко” равона мешавад. Аммо садҳо миллион долларе, ки ин корхона ҳамасола ба даст меорад, ба ширкатҳо дар ҷазираҳои Вирҷиния равона мешаванд. Ба навиштаи The Economist, фаъолияти “Талко” бевосита таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад ва суол мегузорад, ки чаро даромади Талко ба бунёди Роғун сарф намегардад?
Нашрия бо зикри суитафоҳумҳои Узбакистону Тоҷикистон дар мавриди бунёди Роғун, ки ҳатто то ба таҳдидҳои низомӣ расида буд, изҳори шубҳа мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон таҳти пофишории Узбакистон тағйиротеро дар лоиҳаи Роғун қабул кунад ва пешниҳоди Русияро мисол меорад, ки хост садди Роғунро 50 метр пасттар созад, вале Тоҷикистон рад намуда буд.
Дар ҳамин ҳол ба навиштаи хабаргузории “Ҷаҳон” намояндагии доимии Узбакистон дар СММ охири ҳафтаи гузашта дар Амрико бори дигар мухолифаташро алайҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар минтақа изҳор дошта, таъкид намудааст, ки он ба миллионҳо сокини ин кишвар таҳдид дорад.
“Роғун”, ки ният аст, Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба фурӯшандаи асосии он табдил диҳад, айни ҳол аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ аз нигоҳи иқтисодию экологӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотияш гуфт, баҳси навбатии “Роғун” моҳҳои наздик дар Вашингтон сурат хоҳад гирифт.