Чанд тан аз мо худро соҳиби ин марзу бум медонад?
Соҳиби ин кишвар кист? Вақте навиштаи бархе хомабадастонро мехониву суҳбати сарироҳии бархеро мешунавӣ, шигифтзада мешавӣ. Зеро онҳо огоҳона ва ё ноогоҳона соҳиби кишварро ҳукумати Тоҷикистон ва дар аксари ҳолат шахси президент медонанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумат як ниҳодест муваққатӣ ва президентӣ низ мансабест интихобӣ, яъне вобаста аз раъйи мардум ва дар асл на хоҷа, балки хидматгори мардум аст. Ҳоло бигзарем аз ҷанбаи сиёсии масъалаву ба асли мавзуъе, ки таконе барои иншои ин матлаб шуд, бипардозем.
Чанд рӯзи ахир маро овезаҳои таблиғотӣ дар гӯшаву канори роҳҳои шаҳр азият медиҳад. Намедонам, додамро ба кӣ бигӯям, зеро ба таври жарф бар ин бовар расидаам, ки забони ин миллат монанди хеле аз муқаддасоти дигараш соҳиб надорад. Ҳоло шояд дӯстон бо хушбинии тамом ва бар пояи руҳияи худдӯстдории тоҷикона садо баланд кунанд, ки соҳиби ин забон худи миллат аст. Шояд чунин бошад, ва агар чунин аст, пас, воқеан соҳиби нотавон ва заифе будааст. Охир, бубинед чи навиштаанд: “Занҷира бо кулон аз тилои зард”. Шояд нависандаи ин ҷумлаи подарҳаво дар тасаввури худ фаҳмида, ки чи менависад, аммо ҳеч тоҷик наметавонад фаҳмад, ки ин вожаҳои комилан берабт ба забони тоҷикиро аз куҷо пайдо кардаанд?
Воқеан агар додгоҳҳои кишвар бар мабнои адолат шикояти мардумро баррасӣ мекарданд, ман аз болои ширкатҳои мобилӣ ба хотири таҳқири миллатам шикоят мебурдам. Вале афсӯсу ҳазор афсӯс, ки чунин додгоҳ нест ва агар ба ин маънӣ ҷое шикоят бибарӣ ё девонаат мехонанад ё ба нармӣ аз дари утоқашон берунат мекунанду ба ҳолат механданд. Дар хушбинонатарин ҳолат намояндаи ширкатро даъват мекунанду ба қавле “доля” меситонанд. Медонед чаро? Чунки онҳо соҳиби ин забон нестанд. Онҳо ҳеч гуна эҳсоси соҳибият надоранд ва аз ин рӯст, ки масъулияте ҳам дар баробари таҳқири забону миллат надоранд. Онҳо бештар дар фикри ҷамъ кардани сармоя ҳастанд ва пас аз расидан ба мансаб дар фурсате начандон тӯлонӣ соҳиби мошинҳои гаронарзишу қасру ҳавлиҳои боҳашамат шудани онҳо далел бар ин гуфтаҳост.
Албатта, ин далелро ҳеч ниҳоде маҳкамаписанд намедонад ва боз, албатта, то замоне ки хоста бошанд. Агар Худо нахоста коре анҷом гирад, ки ба болотарҳо хуш наояд, чунон далелҳои подарҳаворо маҳкамаписанд медонанд, ки ба қавле талхаи ҳар ҳуқуқдон мекафад. Возеҳтарин ва охирин намунаи ин гуна бархӯрд қазияи ба сари Зайд Саидов омадаву шикояти ба ном ташкилотҳои зиёӣ алайҳи Олга Тутубалина, сардабири нашрияи “Азия-Плюс” мебошад.
Шояд лозим аст, ки ҳар ширкати мобилӣ ё ҳар ташкилоти дигареро, ки нисбати забони мо беэҳтиромӣ ва ҳатто таҳқирро раво мебинад, душмани миллат эълом дорем?! Бибинед, ширкате ба номи аҷнабии “Тселл” чи овезаҳои таблиғотӣ дар канори роҳҳои шаҳри мо насб кардааст: “Гуфтугӯи бемаҳдуд...” “Тӯҳфаи худро қапед...”
Албатта, ширкатҳои дигари мобилӣ низ дар ин росто бегуноҳ нестанд, мисли Билайн ва Мегафон ва Бабилон, аммо овардани он ҳама ҷумлаҳои подарҳаво ва бадтар аз ин таҳқиромез ба забони тоҷикиро раво намебинам. Аз сӯи дигар, зикри гуноҳ низ дар ҷои худ гуноҳ маҳсуб мешавад. Намехоҳам худро боз як бори дигар таҳқиршуда эҳсос кунам, аммо рӯи суханам ба онҳоест, ки расиданашон ба курсии мансаб боиси соҳиби молу мулки зиёд шуданашон гашт. Шояд Шумо дар асл аз назари нажодӣ ҳеч рабте ба тоҷик надошта бошед ва ифтихороти Шумо аз минбарҳову ҳангоми суханрониҳои расмӣ дурӯғин ва зоҳирӣ бошад. Ин ҳеч мушкил надорад, зеро огаҳем, ки ба хотири мондан дар курсии мансаб чи корҳое анҷом додаву медиҳанд ва ин ҷо онҳоро зикр намекунем. Фақат фаромӯш накунед, ки агар ҳамин миллат набуд, Шумо дар ҷойгоҳи имрӯзаатон набудед ва ҳеч гоҳ ҳикмати чоруқи даридаи он мансабдори ҳакимро аз ривояти қадимӣ аз ёд набаред.
Соҳиб будан дар вуҷуди инсон эҳсосу дарки масъулиятро мустаҳкам мекунад ва ин ҳис аст, ки инсон барои покиза нигоҳ доштани дороии худ талош меварзад. Дар ин амр, албатта, дороии ба роҳҳои ғайриқонунӣ ва ҳаром ба дастомада истисно аст, зеро соҳиби ҳақиқӣ надорад. Муқаддасоту арзишҳои ҳар миллатро фарзандони он миллат новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва дидгоҳҳои сиёсияшон бояд соҳибӣ кунанд. Ҳамарӯза даҳҳо муқаддасот ва арзишҳои фарҳангиву миллии мо дар баробари ҳуҷуму таҳқир қарор мегирад. Оё чанд тан аз мо худро соҳиби ин марзу бум ва фарзанди ин миллат медонад ва дар ин маврид садо баланд мекунад? Чанд тан? Оё вақти он нарасида, ки пиряхи сукутро бишканем?