Маҳмудҷони Тураҷонзода: Ҳукми ампул назди ҷумҳур
Маҳмудҷони Тураҷонзода, бародари Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, аз руҳониёни маъруф ва қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон дар китобе масъалаи фосид шудан ё нашудани руза ба сабаби гирифтани дору аз тариқи сузандору ё ампулро ба баррасӣ гирифтааст.
Ин китоб, ки «Ҳукми ампул назди ҷумҳур» ном дорад, «армуғоне барои рузадорони моҳи мубораки Рамазон» гуфта мешавад.
Дар китоби тозанашр, Маҳмудҷони Тураҷонзода менависад, ки «масъалаи фосид шудан ё нашудани руза бо далели гузарондани сузандору ба тозагӣ миёни уламои кишварҳои минтақа баҳсбарангез шудааст. Тоифае аз уламо истифодаи онро дар моҳи мубораки Рамазон барои шахси рузадор иҷозат медиҳанд, вале тоифаи дигар манъ мекунанд».
Муаллиф мегӯяд, бозори баҳси ин ду гуруҳ – муҷаввизин ва мониъин замоне гармтар шуд, ки китоби «Ал-фиқҳул-ҳанафӣ фи савбиҳил-ҷадид», таълифи Абдулҳамид Маҳмуди Таҳмоз ва рисолаи «Таҳқиқи сухан дар фасоди савм ба доруи сузан», навиштаи домулло Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ дар байни мардум, ба вижа миёни олимон ва толибилмони улуми исломӣ паҳн гардид. «Муаллифони ин ду асари илмӣ-фиқҳӣ дар навиштаҳои хеш ба фосид ва табоҳ шудани руза ба сабаби қабул кардани доруи сузан фатво додаанд. Яъне, онро муфсид ва табоҳкунандаи руза шуморидаанд»,-омадааст дар китоб.
Аммо Маҳмудҷони Тураҷонзода бо овардани далелҳо аз назарҳои фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат менависад, ки бештари уламо ба фосид нашудани руза бо далели гузарондани сузандору таъкид кардаанд. Зимнан, вай фатвои таърихии шайх Муҳаммад Бахит, муфтии собиқи Мисрро, ки аз нигоҳи таърих нахустин фатво дар ин масъала аст, зикр намудааст.
Дар ин китоб ҳамчунин фатвоҳои Дорул-улуми Девбанд, Дорул-улуми Зоҳидон, Дорул-ифтои «Манбаъул-улум», Муҳаммад Тақийи Усмонӣ, Муҳаммад Фариди муҷаддадӣ, Юсуф Қарзовӣ ва чандеи дигар оварда шудааст, ки мегӯянд, ампул ё сузандору табоҳкунандаи руза нест. Аз ҷумла дар фатвои Ваҳбаи Зуҳайлӣ, аз донишмандони маъруфи ҳанафимазҳаб, ки дар китоби «Ал-фиқҳул-исломи» гуфтааст, «Аз ҷумла чизҳое, ки назди ҳанафиҳо муфсид ва табоҳкунандаи руза нест, яке ампул (сузандору) задан дар мушак ё зери пуст ва ё дар раги вена аст. Вале ҳуқнаи шарҷия (клизма кардан аз мақъад) аз назари ҳанафиҳо ботилкунандаи руза аст».
Китоби «Ҳукми ампул назди ҷумҳур» аз пешгуфтор, таърихчаи пайдоиши ампул, назари фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, фатвои фуқаҳои ҳанафӣ, хулосаи далелҳои муҷаввизин, мониъаҳои фасоди руза, посух ба далелҳои мониъин ва амсоли ин иборат аст.