Исоқов: мо 40 миллион сомонӣ қарздорем
«Имрӯз ширкати «Тоҷик Эйр» мувоҷеҳи мушкилиҳои зиёд аст.
Мушкилоти асосӣ ҳолати молиявӣ ва фарсудашавии техникаву таҷҳизот мебошад», -гуфт Музаффар Исоқов, директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр».
Бино ба гуфтаи номбурда айни замон «Тоҷики Эйр» беш аз 40 миллион сомонӣ қарздор аст, ки ин ба ҳолати молиявии ширкат таъсири манфии худро мерасонад. Музаффар Исоқов мегӯяд, соли равон имкони пардохти ҳамаи қарзҳоро надоранд. Дар ин ҳол ба қавли сарвари кулли «Тоҷик Эйр» давоми шаш моҳи ахир ширкат қарздор нашуда, ҳамаи қарзҳо аз солҳои пеш боқӣ мондаанд. Раҳбарияти ширкати ҳавоӣ тасмим дорад, ки солҳои 2012-2013 қарзҳои ширкатро пурра пардохт намоянд. {jathumbnail off}