Афғонистон ба шаҳрвандонаш: Бо роҳи ғайриқонунӣ Австралия наравед
Вазорати умури хориҷаи давлати исломии Афғонистон аз гурезаҳои ин кишвар даъват кардааст, аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Австралия худдорӣ варзанд.
Дар иттилоияи нашркардаи ВУД гуфта мешавад, ки ин даъват дар пайи сиёсати нави муҳоҷирати Австралия гирифта шудааст.
Ҳафтаи сипаришуда Австралия ва Папуа Гвинеяи Нав қарордодеро имзо карданд, ки тибқи он муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ ба Австралия меоянд, ба Папуа Гвинеяи Нав фиристода мешаванд ё депорт мегарданд.
Ҳазорҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиё, бо шумули Афғонистон мехоҳанд, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди Австралия шаванд. Моҳи апрели соли равон 72 паноҳандаи афғон талош карданд, то ба ҷазираи Рождеств бираванд. Дар пайи ғарқ шудани киштии онҳо 58 нафар беному нишон шуд ва танҳо 14 нафар наҷот ёфт.