Шералӣ Бузмаков: “Ба пирӣ расем, баъд рӯза мегирем”
Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар рабита ба гармшавии бесобиқаи ҳаво изҳори умед кард, ки он бе фалокат паси сар хоҳад шуд.
“Раиси ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дирӯз пас аз нисфирӯзӣ ҳаво 46 дараҷа гарм шудааст. Ман инро бовар мекунам. Ин минтақа гармтарин ҷой дар Тоҷикистон аст ва шояд аз пагоҳ дар Айвоҷ аз 50 дараҷа ҳам гармтар шавад. Дирӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ 1600 метри мукааб об омад. Соли гузашта 3600 метри мукааб омада буд. Чунки соли гузашта ҳам барф зиёд борида буд ва ҳам гармиву обшавӣ кам набуд. Мо ин гармиҳоро дидем. Кадом соле, ҳини дар минтақаи Кӯлоб кор карданам ҳама гулу шонаи пахта рехт, аммо пахтаи ҳозир коридаи мо Флора Кармен буда, он тоқатовар аст. Аз пахта бояд зарар набинем...”,-афзуд раиси вилояти Хатлон.
Ҷаноби Афзалов ҳамчунин гуфт, ки “ба БДА гуфтан даркор, ки аз соати 8:00 то 20:00 ҳаракати мошинҳои гаронвазнро манъ кунад. Агар мошини вазнин дар ин гармӣ ба роҳе, ки ҷопониҳо кардаанд, ҳаракат кунад, роҳи нав дар як рӯз вайрон мешавад".
Раиси вилоят ҳамчунин илова кард, ки барои ҳифзи саломати аҳолӣ дар ин гармо табибонро вобаста кардаанд. Зимнан, Шералӣ Бузмаков, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, барқияи вазири тандурустиро низ гирифтаасту мутобиқи муҳтавои он ба ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ супоришҳо додааст: “Пеш аз ҳама, доир ба бемориҳои сироятии тавассути об гузаранда дар ин рӯзҳо бояд кор барем. Мо кормандонамонро вазифадор кардем, ки минтақаҳои оббозиро зери назорат бигиранд ва дар ҷойҳои махсус обҳои ташнашикан муҳайё карда шаванд. Дар моҳи Рамазон кадоме қудрати ҷисмонӣ дорад, рӯза гирад, надорад, нагирад. Ӯ агар қудрат надошта бошад, рӯзааш дуруст нест. Дар ҳамаи китобҳои исломӣ ин амр содир гардидааст. Ба пирӣ расем, баъд рӯза мегирем. Ҳозир кор кардан даркор”,-гуфт Бузмаков.