Ҷавони мусулмон қотилашро бахшид
Марк Строман эъдом шуд. Ин нафар соли 2001, баъди ҳаводиси 11 сентябр дар Даллас ҷониби шаҳрвандони Ховари Миёна оташ кушода буд.
Дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расид ва нафари сеюм- Рэй Буйе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт.
Дар ҷараёни баррасии додгоҳӣ Буйе ғайричашмдошт Буйе хостори бекор намудани ҳукми қатли ӯ шудааст. Вай гуфтааст: «Волидон ва устодонам, ки маро таълими исломӣ додаанд, ҳамеша таъкид менамуданд, ки беҳтарин амали инсонӣ бахшиши гуноҳост. Ислом мегӯяд, ҳеч нафаре ҳаққи гирифтани ҷони каси дигарро надорад. Ислом бадбиниву кушторро иҷоза намедиҳад. Аз ин хотир ман на танҳо Марк Строманро бахшидам, балки намехоҳам, ки ӯ эъдом шавад. Ҳукми қатли вай ҷаҳонро ҷониби мусбат дар ҳаракат намедарорад, балки боз риштаи умри як нафар канда мешавад».
Аммо додрасҳо хоҳиши ӯро ҷиҳати ба марг маҳкум нашуданаш ба эътибор нагирифтанд. Вакили дифои Строман ҳам муваффақ нашуд, то раванди иҷрои ҳукмро ба дарозо кашад. Додгоҳи олии ИМА шикояти апелатсионии адвокатро рад намуд. Ҳукми қатли ӯ дар иёлаи Техас ба воситаи доругузаронӣ амалӣ шудааст. {jathumbnail off}