U-16: Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон, Белорус ва Озорбойҷон
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи бозиҳои “Ҷоми Дӯстӣ-2013” бо яккачини наврасони Қирғизистон, Белорус ва Озорбойҷон қувваозмоӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Дӯстӣ-2013”, ки аз 3-юм то 7-уми августи соли равон дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти ҷумҳурии Қирғизстон баргузор мешавад, Чикаши Сузуки, мутахассиси ҷопонӣ, роҳбарӣ мекунад.
Мантахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 3-юми август, дар даври аввали мусобиқа бо мизбонҳо ба сабқат мебарояд. Худи ҳамон рӯз дастаҳои наврасони то 16-солаи Озарбойҷон ва Белорус низ бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Чикаши Сузуки, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои дидори аввал ба ҳайати даста 18 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро интихоб намудааст.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):
Дарвозабонҳо: Шаҳром Исмоилов (“Вахш”), Беҳрӯз Хайриев (“Нури Норак”);
Ҳимоятгарон: Алишер Сафаров (РШВСМ), Абубакр Азимов (“Равшан”), Сироҷиддин Гулмуродов (“Нури Норак”), Фируз Ризомов (“Вахш”);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷони Хасан (“Равшан”), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоков (ҳарду - “Вахш”), Муҳаммад Шарипов, Ҳаким Ҳасанов, Ҷамшед Махсумов, Табрези Давлатмир (ҳама - РШВСМ), Суҳроб Муминов (“Энергетик”), Саиҷон Шарипов (“Эсхата”);
Ҳамлагарон: Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков (ҳарду - РШВСМ), Ҳикматулло Муллодустов (“Саройкамар”).
Тақвими бозиҳои “Ҷоми Дӯстӣ-2013"
Дарври 1-ум
3-юми август (шанбе)
18.30 - Озорбойҷон - Белорус
18.30 - Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2-юм
5-уми август (душанбе)
18.30 – ТОҶИКИСТОН - Озорбойҷон
18.30 - Белорус – Қирғизистон
Даври 3-юм
7-уми август (чоршанбе)
9.00 - ТОҶИКИСТОН - Белорус
10.00 - Қирғизистон - Озорбойҷон