Ширкати «Тоҷик Эйр» тасмим дорад, ҷиҳати тавсеаи ҷуғрофияи парвозҳояш шурӯъ аз нимсолаи дуюми соли равон хатсайрҳои ҷадидеро роҳандозӣ кунад.
Музаффар Исоқов, директори генералии ширкати мазкур зимни нишасти хабарие изҳор дошт, парвозҳо ба самти Исломобод, Дубай, Машҳад, Сиферопол, Банкок ва Қарочӣ амалӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин хатсайри мавқуфшудаи Душанбе-Истамбул низ аз нав фаъол мешавад. Ба қавли номбурда ҷиҳати роҳандозии ин нақшаҳо «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ҳавопаймоҳҳои замонавӣ харидорӣ намояд. Ба гуфти ӯ барои харидани ҳавопаймо ва дигар таҷҳизотҳои лозима миёни Тоҷикистон ва Хитой созишнома тасвиб мешавад. Дар назар аст, «Тоҷик Эйр» аз Чин ду ҳавопаймо харидорӣ кунад.
«То ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ рамзи ширкат, рангубори тайёраҳо, сарулибоси ҳайати парвозӣ ва анвои хӯроки мусофирон тағир дода шуда, сатҳи хизматрасонӣ беҳтар мегардад»,-афзуд Музаффар Исоқов.{jathumbnail off}