Ситоди омодагирии ҲНИТ ба интихоботи 2013 фаъол шуд
Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар, ситоди омодагирӣ барои интихоботи президентии Тоҷикистонро фаъол кардаанд. Ба қавли онҳо, ин ситод ҳанӯз дар оғози соли ҷорӣ таъсис ёфта, вале ба далели таҷлил аз чиҳилумин солгарди таъсиси ҲНИТ фаъолияташ ба таъхир афтодааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ, ба “Озодагон” гуфт, ба ҳайати ситоди омодагирӣ ба интихоботи президентии 2013 масъулини ҳизб ворид шуда, онҳо бештар ба омӯзиши вазъият машғул ҳастанд.
“Ситоди ҲНИТ феълан саргарми омӯзиши мавзӯъҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, дохилиҳизбӣ буда, дар оянда масъалаи омода кардани гурӯҳи таблиғотиро ба роҳ хоҳад монд. Албатта, ҳамаи масъалаҳо дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешаванд”,-афзуд ӯ.
Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ҳоли ҳозир беш аз чиҳил ҳазор узв дорад, дақиқ нагуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли ҷорӣ ба чӣ шакл иштирок хоҳад кард. Аммо ин ҳизб Мушовараи васеи намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоиро мизбонӣ мекунад, ки ҳадаф аз он мушахахс кардани барнома ва номзади ягонаи нерӯҳои демократист. То ҳоло ду даври ин мушовара баргузор шуда, давраи севумаш, қарор аст, рӯзи шанбеи 27-уми июл дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе баргузор шавад.