Ҳалокати ду пулис дар пайи таркишҳо
Субҳи имрӯз, 25-уми июл дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон фидоии маргталаб мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираи худро ба мошини пулис задааст.
Дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 10 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз қурбониён корманди пулис ва дигарӣ мулкӣ будааст. Аз захмиён бошад, 4 тан корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 6 кас мулкӣ гуфа мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо мегӯянд, бар асари як таркиши дигар дар шаҳри Қундуз як корманди пулис кушта ва се сокини осоишта захмӣ шудаанд.