Таъсиси шӯрои созмонҳои хайриявӣ дар Душанбе
Дар Тоҷикистон Шӯрои созмонҳои хайриявӣ, ҷамъиятӣ ва волонтёрон таъсис дода шуд.
Нахустин ҷаласаи ин шӯро рӯзи 24-уми июл дар меҳмонсарои “Hyatt Regency Dushanbe” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ба гуфтаи ташаббускорони Шӯрои созмонҳои хайриявӣ, ҷамъиятӣ ва волонтёрон, ҳадаф аз таъсиси он иҷоди як ҳамоҳанги миёни фаъолиятҳои хайриявию ҳамкории созмонҳо ва боло бурдани эътимоднокӣ ва шаффофияти созмонҳои хайриявӣ мебошад.
Ба ҳайати ин шӯро шомиланд: Бунёди хайриявии “Лона”, “Қалби солим”, “Дасти ёрӣ”, Созмонҳоии ҷамъиятии “Даст ба даст”, “Ирода”, “Пешрафт”, “Рушди Инклюзия”, “СиДа”, “Индем”, меҳмонсароҳои “Serena Dushanbe”, “Hyatt Regency Dushanbe”, радиои “Ватан”, нашрияи “Вечерка”, торнамои “tajikmama.tj” ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, Тахминаи Маҳмуд, Кирилл Кузмин, Насиба Каримова, Рустам Маҷидов, Мария Коваленко.
Дар нақшаи минбаъдаи ин шӯро таҳия кардани санадҳо, ба роҳ мондани равобит ва баргузориии як қатор чорабинӣ ба хотири ҷалби сармоя барои табобати кудаконе, ки аз бемории нейролейкоз ранҷ мебаранд.