Адвокат: Иттиҳоми таҷовуз ба Зайд Саидов зарбаи сахти руҳӣ расонд
Додситонии Душанбе тафтиши парвандаи бисёрзании Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба поён бурда, ӯро бар асоси моддаи 170-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бисёрникоҳӣ, айбдор донистааст.
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, рӯзи 25-уми июл дар ин бора ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, “акнун ин парванда ба додгоҳ ирсол мешавад.” Додситонии Душанбе моҳи майи соли ҷорӣ бо пахши иттилоияе гуфта буд, мувофиқи маълумоти онҳо, Зайд Саидов дар як вақт бо чор зан зиндагӣ мекунад.
Бино ба иттилоияи ин ниҳод, Саидов гӯиё аз зани аввалааш -- Латофат Тоҳирова соҳиби 5 фарзанд, аз зани дуюмаш -- Фирӯза Юнусова соҳиби 3 фарзанд, аз зани сеюмаш -- Парвина Аминова 2 фарзанд дошта, зани чорумаш -- Марина Орлова сокини шаҳри Курски Русия мебошад. Ахиран муфаттишони додситонии пойтахт кафшҳои Зайд Саидовро, ки дар манзили ҳамсаронаш ёфт шудаанд, низ мавриди ташхис қарор додаанд. Вале аз оғоз ин хонумҳо дар бозпурсии муфаттишони Додситонии Душанбе зиндагии якҷояашон бо Саидовро рад карда ва мегӯянд, ӯ аввал ҳамсарони пешинаашро талоқ дода, сипас никоҳи нав бастааст.
Бисёрзанӣ яке аз бахшҳои кӯчаки айбнома ва иттиҳомоти алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав аст. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, ришват, қаллобӣ ва ҳамчунин таҷовуз ба номус муттаҳам мекунанд.
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, иттиҳоми таҷовуз ба номус ба нафари таҳти ҳимояташ зарбаи сахте задааст. “Вазъи саломатии Зайд Саидов баъди ташхиси духтурон як каме беҳтар буд. Вале ин иттиҳоми охирини таҷовуз ба номус Саидовро хеле нигарон кард. Номбурда агар иттиҳомҳои қаблиро як гуна таҳаммул мекард, аммо ин навбат шадидан эрод мегирад, ки чӣ гуна ӯро ба як бадахлоқӣ гунаҳкор мекунанд”,-афзуд Зокиров.
Мусоҳиби мо афзуд, мақсади аслии масъулин шояд ҳамин зарбаи равонӣ расонидан ба зерҳимояаш буд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, то имрӯз вакилон бо шахсияти ҷабрдида ошно нашуда, мақомот ҳам онҳоро барои пурсиш рӯбарӯ накардаанд. Зайд Саидов ҳам дар сӯҳбат бо вакилонаш гуфтааст, ҳеч ошноие бо чунин як шахсият надорад. “Аслан Зайд Саидов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чӣ гуна мақомот ӯро бо моддаи 138, яъне истифода аз зӯрвоварӣ ва қувва муттаҳам мекунанд, вақте ӯ чунин имконияти ҷисмониро надорад”,-илова кард Фахриддин Зокиров.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.