Фурудгоҳ мегӯяд, дар гаронии нархи чиптаҳо даст надорад
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе даъвои “Тоҷик Эйр”-ро дар мавриди нархи гарони хизматрасониҳои фурудгоҳ рад кард.
Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, имрӯз, 25-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои ширкати “Тоҷик Эйр” бо 50 дарсади тахфиф хизмат мерасонанд: “Бо вуҷуд ин ширкат айни ҳол аз мо 50 миллион сомонӣ қарздор аст. Дар маҷмуъ ширкатҳои ҳавоӣ аз мо 81 миллион сомонӣ қарздоранд.”
Раиси фурудгоҳ гуфт, сарчашмаи асосии даромадашон ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ мебошанд. Ӯ афзуд, ки айни ҳол ба 26 ширкати ҳавоии хориҷӣ хизмат мерасонанд. Холиқов ҳаҷми даромадашонро дар нимсолаи аввали соли равон 65 миллион сомонӣ гуфта, таъкид намуд, ки аз ин 30 миллионаш барои бунёди терминали нав равона шудаст. Ӯ инчунин иттилоъ дод, ки аз тайёраҳои чартерӣ барои ҳар соати истоданашон дар фурудгоҳ 200 доллари амрикоӣ мегиранд: “Аммо барои тайёраҳои хатсайрҳои доимӣ истгоҳ дар фурудгоҳ ройгон аст.”
Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки нархи чиптаҳояшон аз ҷумлаи баландтаринҳо дар бозори мусофиркашонии минтақа мебошад, дар ин гаронӣ фурудгоҳ, хадамоти аэронавигатсия ва ниҳоди фурӯши сӯзишвориро муттаҳам мекунанд, ки нархҳои гарон доранд.