Шукронаро ҳам мо кунем, Шумо чӣ кор мекунед?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Тоҷикистон дар гирдоби вируси шукрона гирифтор аст. Ҳама ҷо шукронамания.
Аз президент то вазиру раис, овозхону мулло, журналисту савдогар таъкид мекунанд, ки бояд шукрона кунем. Раисиҷумҳур мегӯяд, «бояд шукронаи ватани маҳбуб» кард, дигарон мегӯянд, «бояд шукронаи Ҷаноби олӣ»-ро гуфт.
Ба ҳамин минвол ангезандаи ин вирус тамоми ҷомеаро фаро гирифта ва ҳамаро сироят кардааст. Ба монанди «Роғун»-у Ваҳдат, истиқлолият ва даҳҳо мавзӯи дигар шукронаро ҳам ба ҳадди ифрот расондаем. Ифрот як вожаи бисёр зеборо хор кардааст.
Суҳбатҳо, мавъизаҳо, баромадҳо ва ҳатто сурудҳоямон шукронаӣ шуданд… Ва бештари онҳо бо президент шукрона мекунанд. Ба ҳадде, ки овозхонҳо дар таронаҳояшон «шукрона мекунам ман бар аҳди сарвари хеш» мехонанд. Бархеи дигар аз онҳо сухани худро бо ҷумлаи «шукронаи Ҷаноби олӣ» оғоз мекунанд.
Вируси шукрона ҳатто “рӯйхати сиёҳ”-и ТВ-ҳоро шикаста, таронаи Шабнаму Фарзона ва модарашон Сурайёро ба эфир баровард. Суруди онҳоро чандин сол аст, ки дар “Шабакаи аввал” ва “Сафина” қариб намебинем, аммо суруди “Шукрона”-ашон ба эфири дуюмӣ роҳ ёфт. Дуруст, ки худи онҳоро намоиш надоданд, танҳо суруд ва наворҳои табиати Тоҷикистон манзур гардид.
Таронаҳои шукрона дар гузашта ҳам буданд, аммо он вақт, ки вируси шукрона паҳн нашуда буд, маҳбуб, хостанӣ ва шуниданӣ боқӣ мондаанд. Барои мисол, суруди Нуқра Раҳматова, ки “шукри обу хок, шому субҳи атрноки Тоҷкистони азиз”-ро мегӯяд. Формати телевизионҳои давлатӣ ҳам гӯиё шукрона бошад. Бештари онҳое, ки тариқи оинаи нилгуни мо суҳбат мекунанд, ҳатман яке аз ҷумлаҳояшон «шукронаи Ҷаноби олӣ» ё «шукронаи истиқлолият» аст.
Шукрона калимаест, ки ҳар фарди мусалмон огоҳу ноогоҳ, боихтиёру беихтиёр онро ба забон меоварад. Хеч ҳоҷате ба ёдрас кардани он набуд ва нест. Гузашта аз ин хеч одами бофаросат ва боақл орзуи барҳам задани субот ва оромиро дар сар надорад. Пас, чӣ зарурат аст, ки ҳар замон бигӯем, ки «шукронаи субот кунед, шукронаи оромӣ кунед»? Инсони бошуур новобаста аз таъкидҳо ҳамеша шукрона мегӯяд. Аз ин хотир ба гӯшзад кардани ҳарлаҳзаии ин калима ниёзе нест.
Вируси шукрона баъди он паҳн шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ гуфт, шукронаи тинҷиву ободӣ ва ватан кунед. Ва ин ҳарфҳоро телевизиони Тоҷикистон қабл аз ҳар бахши иттилоотии «Ахбор» мешунавонад.
Ҳама мегӯянд, ки бояд шукрона кард, «шукронаи Ҷаноби олӣ», «шукронаи истиқлолият», «шукронаи ободӣ», шукронаи... Аммо ҳеч нафар нагуфта, ки шукронаи ҷони мардикоронро намоед, ки сабаби зиндагии нисбатан осудаи мардуми кишваранд. Шукрона бояд кард, ки маҳз бо заҳмати онҳо хонаводаҳояшон пул меёбанд… Ҳама мегӯянд, ки бояд «шукронаи ин неъматҳо (?)»-ро кард. Кадом неъматҳо дар назаранд? Ҳудуди ним соли бебарқӣ дар асри 21 ё манбаи аслии об будану аз беобӣ танқисӣ кашиданро мешавад неъматҳо гуфт?
Бо шукронаи соҳибистиқлолӣ кардан оё мешавад шикамҳоро сер ва Тоҷикистонро обод сохт? Бо шукрона гуфтан ватан рушд мекунад? Касе ҳам намегӯяд, ки бо «шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» гуфтан, коррупсия аз байн намеравад, роҳҳои пулакӣ ройгон намешаванд, дар маҳбасҳо зиндониён ба таври мармуз намефавтанд…
20 сол аст, шукрона мекунем. Тайи ин бист сол тафовут танҳо ҳамин аст, ки 20-сола будему 40 сола шудем. На соҳиби замин на соҳиби хона. Худо накунад, ки бо шукронагӯӣ чунин нимгуруснаву бе замину бе хона 60-сола шавем. Ҳатто гоҳо ташвиш мекашем, ки агар яксолаҳои ҳамин мансабдорон бистсола шаванд, яқинан ба мо ғайр аз шукронагӯӣ чизе боқӣ нахоҳад монд.
Аммо шигифтӣ инҷост, онҳое, ки ба мо шукронагӯӣ ташвиқ мекунанд, ҳатто гоҳҳо маҷбур низ менамоянд, ки шукрона кунем, чаро худ шукрона намекунанд? Онҳое, ки моро аз солҳои нооромӣ метарсонанд, чаро ҳолати иҷтимоии 20 сол қабли худро пеши назар намеоранд? Чаро қасрҳои имрӯзии худро бо кулбаҳои дирӯзаашон муқоиса намекунанд? Охир Шумо, ки аз ҳеч соҳиби ҳама чиз шудед, гумон доред, ки мо ҳам тағйир хӯрдаем? На! Валлоҳ, ки мо ҳамон тавре, ки будем ҳамонем, баръакс он замон барқу газ доштем. Имрӯз якеро аслан фаромӯш кардему дигареро ним сол мебинем ним соли дигар аз дур, яъне дар хонаи мансабдорон! Манзур ҳеч баҳонае барои шукронагӯӣ (ба истиснои шукр ба Худо) надорем!
Хулоса, онҳое, ки заминҳоро гирифтед, мансабҳоро гирифтед, имконияту шонсҳоро гирифтед, корхонаву коргоҳҳо, фурӯшгоҳҳу бозорҳоро гирифтед, «шукрона»-ро низ худатон гиред! Моро ба ҳоли худ гузоред!