Русия... Тоҷикистонро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кард
Ба иттилои расонаҳои русӣ, Вазорати дифои Русия барои афсарони рус, ки ба маълумоти махфии ин кишвар дастрасӣ доранд, истироҳат намудан дар бархе аз кишварҳоро манъ намудааст.
Манбаъ мегӯяд, ба рӯйхати “сиёҳ”-е, ки афсарони рус ҳаққи истироҳат дар он кишварҳоро надоранд, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эстония, Литва, Латвия, Гурҷистон, Миср ва Исроил шомил мебошанд.
Инчунин, ин ниҳод номгӯи беш аз 30 кишвари дунёро тартиб додааст, ки низомиёни рус метавонанд барои истироҳат ба онҳо сафар кунанд, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Австрия, Булғористон, Беларус, Вйетнам, Маҷористон (Венгрия), Юнон, Итолиё, Тунис, Туркия, Украина, Фаронса.