Эдвард Сноуден минтақаи транзитии «Шереметево»-ро тарк кардааст?
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба Эдвард Сноуден, корманди собиқи Агентии амнияти миллии Амрико асноди зарурӣ барои берун шудан аз минтақаи транзитии фурудгоҳи «Шереметево»-ро пешниҳод кардааст. Дар ин бора "РИА Новости" бо такя ба як манбаи худ иттилоъ додааст.
Дар ҳамин ҳол «Интерфакс» менависад, ки Сноуден аз утоқи истироҳати қисми навбатдории минтақаи транзитии фурудгоҳ берун шуда, аммо худи минтақаро тарк накардааст.
Мақомоти ИМА Эдвард Сноуденро дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мекунанд. Рӯзи 30-юми июн маҷаллаи олмонии Der Spiegel ва рӯзномаи бритониёвии The Guardian бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден навиштанд, ки хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.
Сноуден аз рӯзи 23-юми июн дар фурудгоҳи «Шереметево»-и Маскав ба сар мебарад. Ӯ аз Русия паноҳандагӣ хостааст.