Заминларза дасти кам ҷони 13 нафарро гирифт
Дар пайи зилзилаи шаби гузашта дар Ӯзбакистон 13 нафар ба ҳалокат расидааст.
Теъдоди захмиён ба 86 мерасад, ки 35 нафарашон дар беморхона қарор доранд.
Тибқи хабарҳои расида шиддати заминларза дар маркази вуқӯи он- 45 километрии ҷануби шаҳри Фарғонаи Ӯзбакистон аз 6,5 то 7 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Ин зилзила ҳамчунин хоки ду кишвари ҳамарзи Ӯзбакистон- Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод. Дар мавриди хисороти ҷониву молӣ дар Қирғизистон хабар дода нашудааст, аммо дар Тоҷикистон он як кушта бар ҷой гузошт. Тавре ба «Озодагон» аз идораи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, Абдулло Ашрапов, як сокини 43- солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳаллаи ба номи Камоли Хуҷандӣ 121 истиқомат мекард, шаби 19- уми июл замони вуқӯи заминҷунбӣ дар ҳолати хоболудӣ худро аз ошёнаи 2-юми манзилаш ба берун ҳаво дода, дар паи осеби шадиди сар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. {jathumbnail off}