Узбакистон сохтмони роҳи оҳан тариқи ағбаи Камчикро оғоз кард
Узбакистон сохтмони роҳи оҳан тариқи ағбаи Қамчиқро, ки қаламрави Тоҷикистонро канор мегузорад оғоз кард.
Ба навиштаи торнамои “12news.uz”, ин роҳи оҳан қаламрави Тоҷикистонро канор гузошта, водии Фарғона(вилояти Намангон, Андиҷон ва Фағона)-и Узбакистонро бо қисамти дигари минтақаи ин кишвар ба ҳам мепайвандад. Манбаъ мегӯяд, роҳи оҳани мазкур ҳудуди 125 киллометр тул дошта, бар ивази беш аз 2 миллиард доллар бунёд хоҳад шуд.
Ин роҳи оҳан тариқи ағбаи Қамчиқ бо баландии 2,3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр убур мекунад. Ҳоло тариқи ин ағба ягона роҳи автомобилгардест, ки Тошкандро бо водии Фарғона мепайвандад.
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони мардумии вилояти Андиҷон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор шуд, бунёди ин роҳро ба миён гузошта, гуфта буд: “Дар водии Фарғона беш аз 10 миллион нафар ба сар мебарад. Мо ғалат мекунем, агар ба набудани як роҳи оҳан, ки ин водиро бо қисамти дигари кишвар мепайвандад, аҳамият надиҳем. Ин масъала бояд то соли 2014-2015 ҳалли худро ёбад ва ин роҳ бояд то соли 2016 мавриди истифода қарор гирад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран торнамои "Узметроном" аз қавли бархе аз иқтисоддонон гуфта буд: “Бунёди роҳи оҳани Узбакистон, ки қаламрави Тоҷикистонро канор мегузорад, баъд аз 300 сол низ хароҷоташро рӯпӯш нахоҳад кард.” Ба навиштаи ин торнамо сохтмони роҳи оҳани мазкур хусусияти сиёсӣ дорад, на иқтисодӣ.