Президент партоби гулула ба масҷидро шадидан маҳкум кард
Бар асари партоби гулулаҳои дастӣ дохили як масҷид дар музофоти Пактико дасти кам нуҳ нафар захм бардоштаанд. Дар мавриди қурбониён иттилое нест, аммо гуфта мешавад, бо эҳтимоли бузург он аз теъдоди захмиён бештар аст.
Ин ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки мусалмонон ба хондани намоз машғул будаанд. Ба иттилои радиои «Салом ватандор»-и Афғонистон ҳангоми партоби гулула дар масҷиди маҳаллаи Юсуфхел наздики 200 нафар ибодат мекарданд.
Дафтари матбуотии волии музофоти Пактико дар анҷоми ин амал ҷангиёни «Толибон»-ро масъул донистааст, аммо намояндаи «Толибон» то кунун роҷеъ ба ин ҳодиса ҳеч шарҳе надодаанд.
Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон онро амали зидди афғонҳо ва зидди Ислом хонда, шадидан маҳкум кардааст.