Чиллаев: 5%-и саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба писари Зайд тааллуқ доранд
Қарахон Чиллаев, раиси шаҳри Сарбанд, дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 24-уми июл гуфт, ки оилаи Зайд Саидовҳо бо саҳҳомони корхонаи азими “Тоҷиказот”-и шаҳр шарикҳақ ҳастанд.
Оқои Чиллаев ба суоли хабарнигорон дар мавриди он, ки қисмате аз саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда, мансуб аст, гуфт, бо мақсади гирифтани даромад - дивидент ҳамагӣ 5 дарсади саҳмияҳо дар ихтиёри писари Зайд - Хуршед Саидов аст: “Ва қисмати зиёди саҳмияҳояш - 75 дарсад дар дасти намояндагони давлати Кипр қарор дорад.”
“Тоҷиказот” чанд сол боз бинобар қатъ гаштани интиқоли гази табиӣ аз давлати ҳамсоя - Узбакистон аз фаъолият комилан боз мондааст. Дар ҳамин ҳол, бино бар қавли Чиллаев, ҳоло 1700 нафар кормандаш бе ҷойи кор мондаанд: “Бинобар баста будани роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Амузанг, қатъи интиқоли газ ва аз кор мондани 4 корхонаи азимамон дар давоми 2 сол буҷети шаҳр беш аз 5 миллион сомонӣ зарар дид. Ва фақат аз ҳисоби пардохта натавонистани андозҳо мо аз ҳисоби Тоҷиказот 2 миллион сомонӣ зарар дидем. Зарари дохилии ин корхонаҳо бошад, ба даҳҳо миллион доллар мерасад.”
Дар ҳамин раиси шаҳр ва кормандони дигари ӯ Зайд Саидов ё писари ӯро дар касод шудан ва ё аз фаъолият бозистодани “Тоҷиказот” гунаҳкор нагуфтанд.