Солиҳов: Ҳамаи санҷишҳои мо дар ширкатҳои Зайд қонуниянд
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи санҷишҳое, ки дар ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик гузарондаанд, дар доираи қонун сурат гирифтаанд.
Аюбҷон Солиҳов, муовини аввали раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ таъйид намуд, ки санҷишҳои охири ширкатҳои Зайд Саидов бо дархости хаттии мақомоти қудратӣ сурат гирифтаанд. Солиҳов илова намуд, ки мувофиқи Кодекси андози Тоҷикистон дар сурати ифтитоҳи парванда алайҳи ин ё он андозсупоранда, Кумитаи андоз вазифадор аст, фаъолияташро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Муовини раиси Кумитаи андоз иттилоъ дод, ки санҷишҳо танҳо дар ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон байналмилал” дар ҳаҷми 16 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳоро ошкор намудаанд. Солиҳов афзуд, ки ин миқдор қарздорӣ давоми 5 соли охир сурат гирифтааст ва айни ҳол танҳо қисми ками он пардохт шудаасту халос.
Ба суол, ки дар ҳоле пинҳонкунии андоз давоми 5 соли охир сурат гирифтааст, чаро Кумита то ҳол аз он сухан намекард, Солиҳов посух дод, ки ин пинҳокуниҳои андоз дар пайи дарёфти маълумоти иловагӣ маҳз ҳозир ошкор шудаанд. Инчунин ба гуфтаи ӯ сифати санҷишҳо аз ҷониби Кумитаи андоз низ вақтҳои охир беҳбудӣ ёфтааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” мавриди санҷиш қарор гирифта, 19-уми майи соли равон боздошт гардид ва айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар бисёрзанӣ, қаллобӣ, сӯйиистифода аз мақом ва фасод муттаҳам мешавад.