Ҷаноби Камол, додраси додгоҳи олии иқтисодӣ дар ҳалнома куллан чизи дигаре ворид карданд. Суд хостаҳои моро ба назар нагирифт.Танҳо амволи талафотдодаи мо 700- 800 ҳазор долларро ташкил мекунад.
«То ҷое, ки ман шинос шудам ҳуҷҷатҳои ширкати «Роҳи корвон»-и эронӣ, ки ба суди олии иқтисодӣ пешниҳод кардаанд, ҳамааш дуруст аст. Дар Тоҷикистон як маркази иҷрои лоиҳаҳо фаъолият дошт, ки Санъат Раҳимов роҳбараш буд. Онҳо тендерро аз дасти ширкати эронӣ мегиранд, худашон оҷилан дар як ҳафта як ширкат ташкил мекунанд, амволи ширкати « Роҳи корвон» -ро гирифта нерӯгоҳро месозанд. Дар ин ҷо ширкати «Роҳи корвон» ба он хотир ҳақ аст, ки барандаи тендер барои сохтани нерӯгоҳи «Санги Кар» гардид. Вале барои ҳалли ин мушкилот суди олии иқтисодӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро ба назар нагирифтааст». Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ зимни як сӯҳбати телефонӣ бо «Озодагон» гуфт, НБО-и «Санги Кар», ки сохтмони онро ба ӯҳдаи кадом як ширкати номаълум гузошта буданд, ахиран маълум гардид, ки аксарияти сохтмони он тариқи ҳашари мардум сохта шудааст. Номбурда мегӯяд итминон дорам, ки ба омадани як сел он истешани барқӣ канда мешавад, зеро ҷои сохтмонашро низ нодуруст интихоб намудаанд.
- Аҷобат дар он аст, ки вақте бо мардуми маҳалли сохтмони нерӯгоҳ сӯҳбат намудем, маълум гардид, ки мардуми онҷоро як зиёфат дода ба сохтмони истгоҳи барқӣ даъват мекардаанд. Бубинед, баъди он ки сохтмони ин ГЭС-ро аз дасти эрониҳо гирифтанд, онро дар роҳи сел сохтаанд, ки ин аз бемасъулиятии масъулин дарак медиҳад, мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён.
Маврид ба ёдоварист, ширкати «Роҳи корвон» дар тендере, ки барои сохтмони нерӯгоҳи «Санги Кар»-и ноҳияи Рашт баргузор гардид, ғолиб омада буд, вале сохтмони ин нерӯгоҳро аз ихтиёри ин ширкат гирифтанд. Баъдан, масъулини ширкати мазкур барои ҳалли ин масъала ба суди олии иқтисодӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод намуданд. Вале суд даъвои онҳоро рад намуд. Гузашта аз ин, ба гуфти масъулини ин ширкати эронӣ амволи онҳо низ то ҳол баргардонида нашудааст.
«Роҳи корвон» ҳайрон аст, ки роҳ кадом аст…
Акнун саволи матраҳ ин аст, ки ин ширкати эронӣ аз тендер гузашт ва хоҳиши мутобиқи қонун, бо сифати баланд сохтани ин нерӯгоҳро доштааст, пас чаро суди олии иктисодии Тоҷикистон даъвои онҳоро рад намудааст ва гузашта аз ин оё дар ҳақиқат масъулини ин ширкат ба ҳалномаи суд розӣ шудаанд ё на? Дар робита ба ин савол масъулини суди олии иқтисодӣ гуфтанд, «Ин ширкат ба мақомоти суди олии иқтисодӣ дер муроҷиат кардааст: « маблағи ин ширкат барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ камӣ мекардааст, барои ин чанд бор аз ҷониби корфармо огоҳонида шуда буд, гузашта аз ин ҳама, як ширкати дигаре бо номи «Гавҳар руд», ки дар якҷоягӣ бо «Корвони роҳ» дар тендер ғолиб омадаанд, мухолифати ин ду ширкат ба миён омада, ахиран «Гавҳар руд» дар якҷоягӣ бо шарики худ - «Роҳи корвон» сохтмони нерӯгоҳро қабул накарда, кишварро тарк намуд».
Раҳматулло Камолов, судяи суди олии иқтисодӣ мегӯяд, мувофиқи шартнома бояд дар якҷоягӣ бо ширкати « Роҳи корвон» нерӯгоҳро месохтанд, вале «Гавҳар руд» инро нахост. Бино бар
ин, бо ҳалномаи суди олии иқтисодӣ аз 1-уми июни соли 2011 даъвои ин ширкат рад карда шуд, лекин ширкати мазкур дар муддати як моҳ имконият дошт, ки ин баҳсро мавриди баррасӣ қарор диҳад, ба суди касатсионӣ муроҷиат кунад, вале хомӯширо ихтиёр намуда, аз ҳуқуқи худ истифода набурд, ки ин маънии онро дорад, ки ба ҳалномаи суд розист, афзуд номбурда. Дар ҳамин ҳол оғои Тӯра, роҳбари ширкати «Роҳи корвон» дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳалномаи баровардаи суди олии иқтисодӣ изҳори нигаронӣ намуда афзуд, ки «Ин ҳалнома бидуни таваҷҷӯҳ ба аризаи онҳо аст ва ғайривоқеӣ аз ҷониби мақомоти судӣ бароварда шудааст: «Ҳалномае, ки аз ҷониби суди олии иқтисодӣ бароварда шуд, аслан дуруст набуд, аризаи мо дигар буд, вале ҳалномаи баровардаи суд тамоман чизи дигаре буд, барои мувофиқи қонун ҳал намудани ин мушкил ҳар куҷое, ки рафтем нафарҳое буданд, ки ҳаққи моро ба мо надоданд, садоямонро нашуниданд. Бубинед, феълан ин низоме, ки Тоҷикистон дорад ҳалли ин гуна мушкилот душвор аст. Мо дигар илоҷе наёфтем. Ҷаноби Камол, додраси додгоҳи олии иқтисодӣ дар ҳалнома куллан чизи дигаре ворид карданд. Суд хостаҳои моро ба назар нагирифт. Танҳо амволи талафотдодаи мо 700- 800 ҳазор долларро ташкил мекунад. Вақте ки иҷрои корро аз мо гирифтанд, амволи моро низ ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд».
Оғои Тура дар робита ба даст кашидани ширкати «Гавҳар руд» ва дар ин замина аз ихтиёри ширкати «Роҳи корвон» гирифтани сохтмони нерӯгоҳ, мегӯяд ин як баҳонае беш чизе нест. Бархе аз коршиносон ба он ишора мекунанд, ки ширкати «Гавҳар руд» низ вобаста ба ин масъала ба суд муроҷиат кардааст. Ба қавли ин гурӯҳи коршиносон дар ин ҷо мухолифати ин ду ширкат низ чандон ба назар намерасад.
Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}