Оҷонсӣ: Ширкати Зайд Саидов дар се сол 38 миллиони буҷаро аз худ кардааст
Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал”, ки мансуб ба Зайд Саидов аст, ба буҷаи давлат ба маблағи 38 миллион сомонӣ зарар расонидааст.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл натиҷаи тафтиши фаъолияти ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал» дар солҳои 2009-2013-ро бо пахши як гузориш эълон кардааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ширкати мазкур дар тасарруф, изофанависӣ, рӯйпушкунии андоз дар солҳои 2009-2013 айбдор дониста мешавад: “Тоҷсохтмон Байналмиллал” барои иншооти “Душанбе плаза” 184,8 миллион сомонӣ масраф карда, бо истифода аз роҳи барзиёд нишон додани арзиши маҳсулоти сохтмонӣ 11,9 миллион сомониро аз худ кардааст.
Инчунин, ширкати мазкур дар иншооти «Сохтмони Душанбе Плаза» аз ҳисоби зиёд нишон додани нарх ва истифодаи масолеҳи пастсифати сохтмонӣ ба буҷаи шаҳри Душанбе ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст.
Бар асоси гузориши Оҷонси зидди фасод, дар маҷмуъ ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” дар давоми се соли фаъолияти худ 38 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат хисорот овардааст, ки аз ин нишондод 19, 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби пинҳон доштани андози давлатию иҷтимоӣ, 13, 3 миллион аз роҳи изофанависӣ дар сохтмонҳои биноҳои давлатӣ ва 5,6 миллион сомонӣ аз роҳи зиёд нишондиҳии хароҷоти музди кор ва ба 2025 сомонӣ аз ҳисоби дигар камбудиҳои молиявӣ мебошад.