Тоҷикон бештар бо узбаку қирғизҳо никоҳ мебанданд
Дар нимсолаи аввали соли равон 57 никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо атбои хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Равшаной Умарова, сардори Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти хабарии Вазорати адлия иброз дошт, ки аксаран шаҳрвандони тоҷик бо сокинони кишварҳои ҳамсоя никоҳ мебанданд: “Аз ҷумла, бо шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон ва он нафароне, ки душаҳрвандӣ доранд. Яъне, ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам шаҳрванди Русия ҳастанд.”
Дар ин нишаст гуфта шуд, дар 6-моҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 218 856 аснод, аз ҷумла 96 917 сабти таваллуд, 42 151 ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Равшаной Умарова мегӯяд, бекор кардани ақди никоҳҳо дар ин нимсола 4 ҳазору 107 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.