Иззат Амон мегӯяд, ТВ “Сафо” марбути ягон ҳизбу созмон нест
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, мегӯяд, базудӣ аз мақомоти Маскав иҷозаномаи таъсис ва фаъолияти телевизиони тоҷикии “Сафо”-ро ба даст хоҳанд овард.
Ӯ рӯзи сешанбеи 23-юми июл ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоли ҳозир студияи “Сафо” ба пахши барномаҳои худ тавассути интернет шурӯъ карда, наворҳояшон бештар аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия қисса мекунад. Раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳадаф аз таъсиси чунин як телевизион имкони инъикоси зиндагии шаҳрвандони тоҷик дар Русия аст. “Албатта, бо таваҷҷӯҳ ба ин мо метавонем бигӯем, ки барномаҳо бештар хусусияти фарҳангӣ ва омӯзишӣ хоҳанд дошт. Вале мо медонем, ки қариб ҳар падида дар ҷомеа ба сиёсат низ рабт дорад. Ҳамон тавре ки муҳоҷирони тоҷик бештар қурбони вазъи сиёсӣ мешаванд”,-афзуд ӯ.
Аммо ба қавли Иззат Амон, “Сафо” ба ҳеч гурӯҳ ва ҳизби сиёсӣ рабт надошта, танҳо аз тарафи Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир 6 ҳазор узв дорад, роҳандозӣ мешавад. Дар мавриди эҳтимоли ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон Иззат Амон гуфт, “аслан дар гумон аст, ки телевизионҳои дохилӣ хоҳиши ҳамкорӣ бо «Сафо» кунанд. Зеро аксар барномаҳои шабакаҳои Тоҷикистон хусусияти таърифӣ дошта, дар «Сафо» барномаҳо бештар хусусияти интиқодӣ доранд.”
Ба гуфтаи Иззат Амон, ҳоло студияи «Сафо» дар Маскав 10 коргар, аз қабили хабарнигорону коргардонҳо, бидуни музд ё маош кор мекунанд.