"Қайроққум" зарари Тактогулро ба Узбакистон ҷуброн мекунад
Мақомоти тоҷик мегӯянд, Сирдарё бинобар кам ворид шудани об аз дарёи Норини Қирғизистон камоб гардидааст.
Султон Раҳимов, муовини аввали вазири меллиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки ”Қирғизистон оби дарёи Норинро дар обанбори Тактогул, ки ин аз ҳама обанбори калон дар Осиёи миёна мебошад, захира намуда истодааст. Ин сабаби норасоии об дар дарёи Сир шудааст. Обе, ки аз обанбори Тактагул ба дарёи Сир мерезад хеле кам аст, бо назардошти ин об ба кишварҳои поёноб намерасад. Мо аз обанбори Қайроққум ҳам кишварҳои поёноб ва ҳам истифодабарандагони худро бо об таъмин карда истодаем.”
Инчунин оқои Раҳимов афзуд, “обанбори Қайроққум ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои поёноб хизмат мекунад. Мушкилоти асосӣ ин аст, ки ҷумҳурии Қирғизистон дар болооб ҷойгир шудааст. Чӣ хеле, ки обанбори Норак барои мо хизмат мекунад, тобистон обро захира намуда зимистон аз он қувваи барқ истеҳсол мекунем, онҳо низ дар ҳавзаи дарёи Сир обанбори Тактогул доранд, ки дар он обро захира намуда, зимистон истифода мекунанд.”
Раҳимов таъкид кард, ҳамасола дар ҳамин давра Узбакистону Қазоқистон аз Қирғизистон барқ мехаранд ва мақомоти қирғиз барои истеҳсоли барқ минбаъд маҷбуранд, обро бештар раҳо кунанд: “Аз ҳамин рӯз сар карда тибқи қарордоде, ки байни онҳо ба имзо расонида шудааст Қирғизистон партофтани обро аз обанбори Тактогул зиёдтар мекунад ва аз ин баъд аз ин оби дарёи Сир боз зиёд хоҳад шуд.”