Додгоҳ як занро барои душавҳарӣ 23 доллар ҷарима баст
Додгоҳи Жезказгани вилояти Қарагандаи Қазоқистон занеро бо иттиҳоми душавҳарӣ муҷрим шинохта, наздики 3,5 ҳазор танга, муодили 23 доллар ҷарима бастааст.
«Додгоҳ як парвандаи ғайриоддиро баррасӣ кард: барои душавҳарӣ зане ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Бо қарори суд ӯ дар нақзи қонун, пинҳон доштани вазъияти оилавӣ ва ё маълумоти бардурӯғ ба мақомоти сабти асноди шаҳрвандӣ муттаҳам шуда, 3462 танга ҷарима гардид»,-омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии суди вилоят.
Тибқи маълумот, ин зан, ки расман ақди никоҳашро бекор накардаанд, дубора ба шавҳар баромадааст. "Ӯ бо ин амали худ нишондоди моддаи 11-и Кодекси Қазоқистон «Дар бораи никоҳ ва оила»-ро, ки дар он гуфта мешавад, ҳангоми пешниҳоди ариза барои ақди никоҳ шахс бояд дар мавриди вазъи оилавии пештарааш маълумот диҳад, нақз кардааст»,-омадааст дар иттилоия.
Худи зан ба гуноҳаш иқрор карда, гуфтааст, аз рӯи огоҳӣ надоштан аз қонун ба ин кор даст задааст.