Чаппашавии мошин ба чуқурии 800-метра куштаю маҷруҳон барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 21-уми июли соли равон автомашинаи тамғаи «УАЗ-469», таҳти идораи Баширов Турғонбой, сокини ноҳияи Ҷиргатол ба чуқурии 700-800- метрӣ чапа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ҳалок ва се мусофираш ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ронанда Баширов Турғонбой, соли таваллудаш 1983, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯҳи Глан, дар масофаи 5 км дуртар аз деҳаи Қош-тегрмаи ноҳияи Ҷиргатол, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурӣ чаппа шудааст.
Дар натиҷа худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирони автомашинаи мазкур Баширов Забир Хурсанович, соли таваллудаш 1974, Артипов Зоир Ҷумахонович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Ҷиргатол ва Арзибеков Беҳрӯз Тавалдиевич, соли таваллудаш 2000, сокини деҳаи Станти Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.