Эътирофи раиси калонтарин ноҳияи қарздори Хатлон: "Корам суст"
Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳритус, мушкили андозбандию андозғундории ҳозираи ноҳияро сабаби асосии чандин моҳ боз пардохт нагаштани музди маоши омӯзгорон мегӯяд.
Раиси ноҳияи Шаҳритус зимни нишасти матбуотиаш ба суоли хабарнигорон дар бобати аз моҳи феврал инҷониб пардохт нагаштани ҳақмузди омӯзгорон изҳор дошт, ки “маоши муаллимонро то моҳи июн ҳисобӣ кардем ва рухсатипулии 5-6 нафарро низ пардохт намудем.” Ӯ мавҷуд будани мушкилотро дар ин бахш таъйид карда, афзуд, ки “мушкили корро баъзеашро гуфта наметавонам, вале асосан фактори одамӣ аст ва кори сусти мо низ ҳаст.”
Сафаров афзуд, ки “мо 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ фақат иҷроиши андоз дорем. Аз рӯйи имкониятҳои мо иҷроиши ин нақшаи андоз беҳад мушкил аст. Ҳангоме андоз иҷро намешавад, маош низ намешавад. Мо наметавонем гӯем, ки ин андозбандӣ нодуруст аст, аммо қувватамон намерасад. Аз 10 намуди андоз 6 намудаш иҷро нашуд. Баъзе намудҳои андозе ҳастанд, ки иҷроишашон тамоман имкон надорад. Мисол, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида. Мо корхонаи калон қариб ки надорем. Хоҷагии обамон 1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст, аммо мо наметавонем амволашро ҳабс кунем ва андозро бигирем, чун об зарур аст ва онҳо моликияти калон надоранд, ба ҷуз идораашон.”
Дар ҳамин росто, раёсати андози вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ноҳияи Шаҳритус миёни 25 шаҳру ноҳияи вилоят ягона ноҳияест, ки нақшаи андозашро аз аввали сол комил адо нанамуда, онро ба 86 дарсад расонидаасту бас.