Шоу-бизнеси тоҷик боз барои як овозхон оғӯш мекушояд
Ситора Азимӣ, як овозхони навроҳи шоу-бизнеси тоҷик, барои клипбардорӣ ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, рафтааст.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ситора, ба "Озодагон" гуфт, онҳо бар таронаи "Наё" клип бардоштаанд: "Оҳанги суруд аз Роберт Мирзоян ва матни он моли Шоираи Раҳимҷон аст".
Ба иттилои ҷаноби Зеваров, клипи таронаи "Наё"-ро Ёдгор Носиров, клипсози маъруфи узбак бардоштааст. "Дар ояндаи хеле наздик ин клип барои тамошобинони тоҷик дастрас хоҳад шуд",-афзуд Зеваров.