Муроҷиати сафорати Тоҷикистон ба додситонии кулли Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти рус, махсусан Додситонии кулли Русия дархост намудааст, қонунӣ будани ҳукми додгоҳ нисбат ба вакили рус барои куштори як шаҳрванди тоҷикро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Масъулони сафорати Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз қарори, ба гуфтаи онҳо, ноодилонаи додгоҳи вилояти Воронеж, ки ахиран вакили Шӯрои вакилони халқии ноҳияи Семилук, Сергей Плехановро барои куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон 8 моҳ ҳабси хонагӣ кард, изҳори нигаронӣ намудааст.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” гуфт, муҳлате, ки додгоҳ ба Плеханов барои ҷинояти 28-уми январи соли 2012 содирнамудааш, яъне дар ҳолати мастӣ зада куштани шаҳрванди тоҷик муайян намудааст, хеле сабук аст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бар асоси Кодекси ҷиноии Русия барои чунин кирдор ҷиноятпешаро то 15 сол паси панҷара мешинонанд.