Вакили парлумон аз болои журналист ба додгоҳ шикоят бурд
Вакили палатаи поёнии маҷлиси Қазоқистон аз болои як рӯзноманигор ба додситон ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Алма-Ато шикоят бурд.
Сабаби ин тасмими Танирберген Бердонгаров амали Рафаэл Балгин будааст. Ба қавли депутат Балгин ба рӯи ӯ туф карда, ҳамчунин ба қафаси синааш мушти обдоре фуровардааст. Вақте журналистро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карда аризаи намояндаи мардумиро дар мавриди «таҳқир шуданаш» нишон медиҳанд, Рафаэл Балгин мегӯяд, воқеан ба рӯи вакил туф кард, аммо ба ӯ мушт набардоштааст. Журналист ба кормандони пулис гуфтааст, ки ҳеч гоҳ аз депутат узр нахоҳад пурсид, баръакс вақти ба бинии ӯ задани як мушти ҳақиқӣ расидааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои хориҷӣ нофаҳмиҳо миёни депутат ва журналист аз қабл вуҷуд доштааст. {jathumbnail off}