Пешниҳоди генерали КГБ дар бораи “Сешанбеи сиёҳ”
Генерал Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, бо навиштани як муроҷиатнома аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ба хотири ёдбуди шаҳидони солҳои 1992-2013 ҳамасола 24-уми июлро ҳамчун рӯзи “Сешанбеи сиёҳ” қайд бикунанд. Рӯзи 24-уми июли соли 2012 амалиёти низомӣ дар Хоруғ оғоз ва бо марги беш аз 70 нафар поён ёфт.
Ба пешниҳоди ин генерал, дар рӯзи 24-уми июл мардуми тоҷик ба хотири қурбониёни солҳои 1992-2013 дар сари синаи чапи худ лентаи сиёҳ баста, дар тамоми ҷумҳурӣ дақиқаи сукут низ эълон шавад. Дар муроҷиатнома омадааст, дар ин рӯз оромгоҳи ҳар як қурбониву шаҳид гулгузорӣ гардида, барои онҳо тандис, барои мардум оши оштӣ, ба хонаводаи қурбониён кумакпӯлӣ ҷудо гардида, 24-уми июл тамоми шаҳрвандон аз ҳамдигар узр бипурсанд.
Оразшоҳ Пояндашоев ҳамзамон навиштааст, амалиёти Хоруғ дар вилояти Бадахшон аз ҷониби ҳукумати кишвар қасдан роҳандозӣ шудааст. “Дар сурати дигар мо мебинем, ки то имрӯз даҳҳо генерали дигар кушта шуданд. Аммо чаро ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои пайдо кардани қотилони Абдулло Назаров амалиёти низомӣ баргузор кард?”,-мепурсад ҷаноби Пояндашоев.
Ба навиштаи Оразшоҳ Пояндашоев, ҳукумати Тоҷикистон нақшаи баргузор кардани чунин як амалиётро дар вилояти Бадахшон 3 моҳ қабл то замони қатли генерал Назаров тарҳрезӣ карда буданд.
Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, гуфт, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд.
Дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар Хоруғ моҳи июли соли гузашта, аз ҷумла Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.