Убайдуллоев барои вазъи роҳҳои Душанбе муовинашро "ҷазо" дод
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои саривақт анҷом наёфтани тармиму таҷдиди роҳҳо дар пойтахт, муовинаш оид ба нақлиёт Абдулҳақ Оев ва Мирзоев, сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои шаҳри Душанбе”-ро танбеҳ ва муҷозоти интизомӣ додааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бесарусомониҳоро дар роҳҳои пойтахт, натиҷаи бемасъулиятии ин мансабдорон унвон кардааст: “Муҳлати ба истифодадиҳии иншоотҳои “Азнавсозии кӯчаҳои Н. Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи А. Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)” то 20 марти соли 2013 ва “Азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода” то 30 апрели соли 2013 бояд ба анҷом мерасид, ки амалӣ нашудааст.”
Убайдуллоев ба додситонии шаҳр дастур додааст, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидории соҳаро бобати эътимоднокии рақамҳои оморӣ ва пешгирӣ аз сохтакорӣ мавриди санҷиш қарор диҳад.
Дар мавриди татбиқи Нақшаи генералии шаҳр Убайдуллоев супориш додааст, ба шаҳрвандоне, ки манзилҳояшон дар ин зимн бартараф мешаванд, квартираҳои замонавӣ дода шаванд: “Раиси шаҳр муқаррар сохт, ки фонди манзили коммуналии шаҳр минбаъд танҳо баҳри баровардагии талаботи онҳо равона карда шавад.”