Даъвати Вазорати маориф аз сарватмандони қазоқ
Вазорати маорифи Қазоқистон шаҳрвандони дорои ин кишварро барои иштирок дар чорабинии “Роҳ ба сӯи мактаб” даъват менамояд.
Ин чорабинӣ барномаест, ки тавассути он аз ҳисоби шахсони сарватманд ба кӯдакони аз оилаҳои камбизоат лавозимоти мактабӣ барои омода шудан ба соли таҳсили оянда кумак карда мешавад.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, ин ин чорабинӣ ҳар сол аз 1-уми август шуруъ гардида, то 30-уми сентябр идома меёбад, сарпарастии онро шахсони саховандманди қазоқ, ки нисбати тақдири ҳамватанони худ бетараф намебошанд, бар уҳда доранд.
Вазорати маорифи Қазоқистон мегӯяд, дар чорабинии “Роҳ ба сӯи мактаб”, ки тули 5 сол аст, баргузор карда мешавад, миллионҳо навраси қазоқ бо лавозимоти мактабӣ таъмин шуда, беш аз 6 миллиарду 400 миллион танга масраф шудааст. Танҳо дар соли 2012 ба 2099 мактабхони қазоқ ба маблағи 23 миллион танга ёрӣ расонида шудааст.
Манбаъ афзудааст, ашхосе, ки мехоҳанд дар ин чорабинӣ ширкат карда, дар рушди ҳаёти минбаъдаи ҳамватанони худ саҳм гузоранд, метавонанд ба шуъбаҳои вилоятиии Вазорати маориф ё тариқи Кумитаи ҳифзи кудакони Қазоқистон муроҷиат кунанд.