Муродалӣ Алимардон дар Қирғизистон марзро чен мекунад
Ин шабу рӯз Бишкек мизбони ҷаласаи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъину аломатгузори марзҳо мебошад.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Токон Мамедов, муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба умури амниятӣ гуфтааст, ҳоло дар Бишкек гуруҳи корие аз Тоҷикистон барои таъину аломатгузории марзҳо ба сар мебарад.
Ба гуфтаи Мамедов, ин гуруҳ иборат аз 6 нафар буда, ҳамроҳ бо мутахассисони қирғиз кор дар манотиқи марзии ду кишварро оғоз кардаанд: “Дар ҷаҳорчӯби ҳуқуқӣ асноду ҳуҷатҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.”
Муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба умури амниятӣ мегӯяд, дар мавриди таъйину аломатгузории марзҳо баъзе масоил вуҷуд дорад, ки ӯ ҳамроҳи Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласае, ки қарор аст, рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ баргузор шавад, баррасӣ мекунад.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Вале ахиран раиси вилояти Суғд -- Қоҳир Расулзода аз маҳалҳои баҳсноки марзӣ боздид карда ва гуфт, як ваҷаб марзи кишварро ба бегонагон намедиҳанд.