Асрорӣ гуфт, мухолифи даъвои зиёиён алайҳи Тутубалина аст
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, мухолифи шикояти як гурӯҳи зиёиён аз болои Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ба додгоҳ мебошад. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 22-юми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ин фикру мавқеи шахсии худи ӯст, на бештар аз он.
Оқои Асрорӣ афзуд, манзур аз ин гуфтаҳо ҳимоят аз навиштаи Олга Тутубалина нест, балки, ба бовари ӯ, ин баҳси додгоҳӣ обрӯи зиёиёнро наафзуда ва мақоми муҳаррири “Азия-Плюс”-ро ҳам поён нахоҳад бурд. Балки ба гуфтаи вазири фарҳанги Тоҷикистон, ин гуруҳи зиёин бо даъвои додгоҳии худ аз Олга як шахсияти барҷаста хоҳанд сохт.
“Мову Шумо хуб медонем, ки солҳои охир интиқод нисбат ба рӯшанфикрон ё зиёиёни кишвар хеле зиёд буданд ва ҳастанд. Фикри шахсии ман вобаста ба навиштаи хонум Тутубалина ин аст, ки хонум аз ҳад гузаронидааст. Ман ёдовар шудам, ки интиқод зиёд буданд, лекин то ин дараҷа, ки онҳоро таҳкир карда бошанд, то ҳол набуд. Воқеан ҳам, хонум дар ин масъала аз ҳад гузарондааст ва аслан таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири ҳамон ҷомеа, ҳамон миллат аст. Он фикри мулоҳизаҳое, ки зидди мақолаи Тутубалина ҳастанд, ҳамаи онҳоро тарафдор ҳастам, вале дар як маврид тарафдорӣ карда наметавонам. Мавриде, ки ба маҳкама кашидан ё ба суд додан, ки ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодем дар шахисяти Тутубалина, ки кирои ин қадар воҳима кардан надорад. Лекин ҷавоб додан зарур аст”,-илова кард ӯ.
Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо Додгоҳи иқтисодии Душанбе ба далели он ки номаи шикоятии зиёиён ба забони русӣ навишта шудааст, онро бозпас дод ва гуфт, бояд ин нома ба забони тоҷикӣ навишта шавад.
Даъвогари асосӣ Иттиҳоди адибон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигари тоҷик кор фармуд.